Ризо Деқотӣ, яке аз тасвирбардорони машҳури олам бо аҳли оилаи хеш аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Ризо Деқотӣ аз Ҷумҳурии Фаронса буда, ҷиҳати иштирок ва инъикоси ҷашни байналмилалии Наврӯз бо даъвати ҷониби мизбон дар Тоҷикистон қарор дорад.
Тавре ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар дод, аз ҷониби роҳбалад ба меҳмонон табиати зебои кишвар, давраҳои пурифтихори таърихӣ дар мисоли осори аз ниёгон ба мерос монда, ки инъикосгари таърихи куҳан, фарҳанги пурғановат ва нақши миллати тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд, дар сатҳи баланди касбӣ муаррифӣ карда шуданд.
Дар охири сайри осорхонавӣ Ризо Деқотӣ аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ ва маълумотҳои возеҳу муфид оид ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик хеле хушҳол гардида, андешаҳои худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ навишта намуд.
и ещё 7
Все реакции:
55