
31 соли Истиқлоли давлатӣ ва дар ин замина, рушди иқтисодии мамлакат омили асосии афзоиши истеҳсолоту ифтитоҳи коргоҳҳои нави саноатӣ шудаву идома доранд. Бинобар ин, дар дилхоҳ гӯшаи олам, дар ҳар ҷое, ки афзоиши талаботи аҳолӣ ва инкишофи коргоҳҳо ба назар мерасанд, дар он ҷо дар натиҷаи истеҳсол ва истихроҷ зиёдшавии партовҳо низ ба миён меояд, чун мусаллам аст, ки ягон намуди истеҳсолот бидуни ба вуҷуд овардани партов фаъолият карда наметавонад.
Партовҳо аз рӯи тақсимбандӣ ба гуруҳҳои зерин ҷудо мешаванд: истеҳсолӣ. Партовҳои истеҳсолӣ — ҳамон намудеанд, ки дар равандҳои гуногуни истеҳсолӣ ба вуҷуд омадаанд ва барои истифодабарии минбаъда бо мақсади дастрас кардани маҳсулоти нав дар муассисаву корхонаҳо корношоям мебошанд.
Нави дуюм сохтмонӣ аст. Ба гурӯҳи партовҳои сохтмонӣ он партовҳое дохил мешаванд, ки дар ҳолатҳои истеҳсолии ин ё он сохтмон ба вуҷуд омадаанд. Барои мисол, хишти шикаста, порчаҳои оҳан, маводҳои бетонӣ, қисмҳои ленолиум ва дигар маводҳо. Партовҳои сохтмониро тамоман безарар номида намешавад, барои мисол, тахтаҳои дар сохтмон истифодашудае, ки бо рангҳо молида шудаанд — ин гуна тахтаҳо рангро кайҳо ҷабида гирифтаанд ва ҳангоми сӯзонидани онҳо дар коргоҳи партовсӯзонӣ аз худ газе ҳосил мекунанд, ки дар таркибаш моддаҳои зарарнок зиёд аст.
Ба партовҳои коммуналии зараровар мансубанд: шиша, коғаз, боқимондаҳои органикӣ, пластмассаҳо, ашёҳои металӣ, мебели куҳна, зарфҳои маишӣ ва ғайра. Аз байн бурдани партовҳои маишӣ, ки инсоният дар тӯли рушди худ ба даст меорад, вазифаи мушкил ва ҳалталабест. Хусусан, дар шаҳрҳои бузург солҳои охир масъалаи аз миён бурдани партовҳо мушкилоти муҳиму мураккаберо ба миён меорад ва андешидани чораҳои махсусеро талаб менамояд. Ҷамъшавии партовҳои маишӣ дар шаҳрҳо ва инчунин деҳотҷойҳо, ки ҳамасола шумораи беандозаеро ташкил медиҳанд, хатари таъсиррасонии зиёдеро дар муҳити экологии замин ба вуҷуд меоварад.
Бояд қайд намуд, ки тамоми партовҳои маишӣ – ин ашёи хоми хубе шуда метавонанд, барои истифодабарии баъзе аз намудҳои дигари истеҳсолот, ки аллакай дар бештари мамолики хориҷ онҳо бо ин мақсад истифода мешаванд. Коркарди онҳо яке аз роҳҳои муҳими бартарафсозии мушкилоти экологӣ ба шумор меравад.
Ба зикри Аскар Абдувалиев, коршиноси соҳаи экологӣ ва масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, партовҳо ба назар як чизи оддӣ, нозаруру корношоям ва ба касе нолозим менамоянд, аммо дар асл масъала тамоман дигаргуна аст, шояд ҳанӯз касе намедонад, ки мо чи қадар партовро дар як рӯз ба табиат ҳавола медиҳем, ҳамарӯза шумораи партовҳо дар ҳоли афзоиш қарор доранд ва нисбат ба солҳои пешин ҳаҷми беандоза бузурги онҳо ба муҳити моро иҳотанамуда интиқол дода мешаванд.
Ӯ аз он бонги хатар мезанад, ки дар сайёра одамон ҳоло партовҳоро ба кӯҳҳои бузурге табдил медиҳанд. Масалан, дар канорҳои Бейрути Ливон партовҳо дар ҳаҷми 80 тонна, ҳамарӯза ба собиқ регсоҳилҳое партофта мешаванд, ки замоне ҷойи истироҳати одамон маҳсуб меёфт. Баландии ин партовкӯҳҳо тақрибан 40 метрро ташкил менамояд. Ин партовҳо дар натиҷаи вайрон шуда, пӯсидан аз худ метан ва дигар заҳрхимикатҳоро хориҷ менамоянд, ки замин ва фазоро заҳролуд месозанд ва аз он 200 ҳазор нафар шаҳрвандон нафас мегиранд. Моҳигирони маҳаллӣ аз партовҳои пластикии ба баҳр партофташуда пайваста шикоят менамоянд. Ӯ партовгоҳҳои вилояти Суғдро ҳам ҳамин гуна ба куҳҳо шабоҳат медиҳад, ки ҳамарӯза чӣ қадар партовро дар худ ғун дошта, ба муҳит таъсир мерасонанд.
Бештари маврид мушоҳида мешавад, ки аз ғарамҳои азими партовҳо ҷамъоварандагони маҳаллӣ дидан менамоянд, то аз он ҷо чизҳои корояндро барои истифода ва ашёи азнавкоркардшавандаро ҷамъ оваранду аз ин ҳисоб каме барои зиндагонии худ фоидае низ дастрас намоянд. Аммо ин амал нисбат ба зарари ба миёноварандаи қабатҳои азими партов хеле кӯчак менамояд. Чунки неруи инсон ҳанӯз дар баробари афзоиши шаборӯзии партовҳо нокифоя аст. Охир, мушкилоти асосии экологӣ дар сайёраи мо он аст, ки дар тамоми ҷаҳон, ҳар ҷо ки инсон зиндагонӣ дорад, партовҳо низ дар ҳоли афзоишанд ва хатари таъсирбахшии зараровари он рӯз ба рӯз инсониятро таҳдид менамояд.
Бояд донист, ки дар баробари партовҳои зараровар боз безарари онҳо низ мавҷуданд. тӯли солҳои зиёди сипаригашта, ки маводҳои полиэтиленӣ ё пластикӣ дар истеҳсолот камтар истифода бурда мешуданд, партовҳо низ аз маҳсулоти табиӣ – ба монанди коғаз, дарахт, пасмондаи хӯрока, пашминагиҳо ва пахта иборат буд. Ин гуна партовҳо бидуни ягон зараре дар табиат нобуд ё ки пӯсонида мешаванд, вале мутаассифона, дар баробари пешравии сатҳи зиндагӣ ва истеҳсолот маводҳои партовӣ ҳам заҳрноку хатарноктар гаштанд, таркиби металлҳои вазнин, моддаҳои радиоактивӣ ва пластмассаҳо дар заминаи модаҳои синтетикӣ хеле баланд ва зараррасонии онҳо ҳатто баъд аз нобудсозиашон низ барҳам намехӯрад.
Аз ин рӯ, масъалаи ҷамъоварӣ, ҷойгиркунӣ, коркард ва безараргардонии партовҳо яке аз мушкилоти асосии экологӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, чун дигар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар як қатор санадҳои қонунгузорию меъёрӣ, ҳуҷҷатҳои стратегию барномавии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар инъикос ёфтааст.
Графикаи иттилоотӣ
Проблемаҳои ҳалталаби экологӣ, ки имрӯзҳо дар самти муомилот бо партовҳо мавҷуд аст, ин ба навъҳо ҷудо намудани партовҳои сахти маишӣ дар нуқтаҳои муваққатии партовнигоҳдорӣ, ташкил намудани нуқтаҳои муваққатии партовнигаҳдорӣ дар ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, дар назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо ҷумҳурӣ ташкил намудани нақлиёти махсус оид ба кашонидани партовҳои сахти маишӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди такрории партовҳои сахти маишӣ ва дигар партовҳо, ба роҳ мондани коркарду безараргардонии пурраи партовҳои тиббӣ мебошад.
Ба таъкиди номзади илмҳои химия Саврибегим Ёрмамадова, гӯронидани партовҳо дар ҳудуди шаҳрҳо ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишин, минтақаҳои бешабоғ, истироҳатгоҳҳо, ҷойҳои табобатию беҳдоштӣ ва дамгирӣ, дар ҳудуди ҳавзҳо, чашмаҳои зеризаминӣ, ки барои корҳои хоҷагию нӯшидан истифода бурда мешаванд, инчунин дар мавзеъҳои конҳои канданиҳои фоиданок ва ҷойҳои маъданковӣ, инчунин, сӯзонидани онҳо дар ҳама гуна шакл манъ аст.
Ин донишманди илми химия таъкид кард, ки дар ҷаҳон роҳҳои мухталифи нобудсозии партовҳо вуҷуд дорад. Барои бо тариқи сӯзондан нобуд сохтани партовҳо онҳоро набояд ҳангоми пухтани нону хӯрок итсифода кард. Ӯ гуфт, партовҳоро дар печкаҳои аз ҳад зиёд гармидошта месӯзонанд, ки дар натиҷа он ба гази заҳрноке табдил ёфта, боз ҳам тариқи ҳаво ва об ба муҳити зист таъсири манфии худро мерасонад. Як шакли дигари нестсозӣ ин нобудсозии барқӣ ба шумор меравад, ки он низ норасоиву камбудиҳои худро дорост, аз он ба атмосфера моддаҳои кимиёвӣ, ба монанди диоксинҳо – моддаҳои хлордор ҷудо мешавад. Он яке аз ксенобиотикҳое мебошад, ки таъсирбахшии зиёди заҳрогинро доро аст.
Ин коршинос чунин андеша дорад, ки аз 50 то 80 фоизи ифлосшавии умумии сайёра аз диоксинҳо, ки тавассути партовҳои ихроҷнамудаи корхонаҳои партовсӯзонӣ ҳосил мешавад, ба амал меояд. Аҷибаш он аст, ки ҳатто Арктика- як қисмати хеле сард ва яхбастаи рӯи замин, яке аз ҷойҳои аз диоксин заҳролудшудаи олам ба шумор меравад. Сабаб он аст, ки дар тӯли 20 соли охир, аз ҳисоби гармшавии глобалӣ, моддаҳои зарарноке, ки дар қабати пиряхҳои қутбӣ маҳфӯз монда буданд, аз сари нав ба муҳити зист паҳн мешаванд, — гуфт Саврибегим Ёрмамадова, устоди факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Аз андешаи ҳамсуҳбатонамон, ки коршиносони соҳаанд, чунин бармеояд, ки чанд роҳи кам кардани зарари партовҳо вуҷуд доранд. Аз ҷумла, сари вақт кашонда бурдани партовҳо, ки дар онҳо маводи пластикӣ зиёданд, аз ин қабил аст.
Воситаи дигари муфид ин дар байни аҳолӣ ҷоннок кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад. Гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои тарғиби кам истифода бурдани зарф ва халтаҳои пластикӣ хеле муҳим аст. Гузоштани овезаҳо дар хиёбону кӯчаҳо низ омили баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад. Зеро агар одамон зарари пластика ба саломатӣ ва муҳити зистро нафаҳманд ва тартиби ҷамъоварии партовҳои пластикиро риоя накунанд, ҳалли масъала номумкин мегардад.
Пас, мебояд фурушгоҳҳои бузург аз истифодаи чунин мавод худдорӣ кунанд, зеро агар истифодаи зарфҳои пластикӣ ва халтаҳои полиэтиленӣ дар мағозаю дуконҳои фурӯш аз байн бурда шаваду ба ҷойи онҳо халтаҳои латтагӣ ва ё коғазиро истифода намоянд, он боиси аз байн бурдани ин зарар мешавад. Халтаҳои латтагиро чандин маротиба истифода бурдан мумкин аст. инчунин, дар сурати аз истифода баромадану партофта шудани халтаҳо ба муҳит онҳо дар байни як ё ду моҳ дар хок пӯсида, ягон таъсири манфӣ намерасонанд.
Аз идора: Матлаби мазкур бо дастгирии Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.
Мирсаид САТТОРИЁН,
радиои «Овози тоҷик»