Бо ташаббуси Бонки Исломии Рушд вохӯрии Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамгироии минтақавӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони воломақоми давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Қирғизистон низ ширкат варзиданд. Ҳайати Тоҷикистон дар он таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода иштирок намуд, хабар доданд аз Вазорати мазкур.
Дар доираи вохӯрии мазкур масъалаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, иқтисоди «сабз», сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика ва муайянсозии равандҳои ҳамгироӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.
Ҷониби Тоҷикистон изҳор намуд, ки ин вохӯрӣ барои рушди ҳамкории мутақобилан судманди минтақавӣ боз як қадами устувор мебошад. Инчунин дар доираи чорабинии мазкур намояндаи Тоҷикистон бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд (БИР) дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ ва намояндаи Бонки Осиёгии Инфрасохтор ва Сармоягузорӣ (AIIB) Казуҳиро Номото вохӯрии дуҷониба баргузор намуд, ки зимни он вобаста ба лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва бонкҳои номбурда мубодилаи афкор доир шуд.