Дар шаҳри Душанбе Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон баргузор мегардад. Дар он беш аз 67 ширкати калон ва хурду миёнаи Туркманистон дар соҳаҳои омехта, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, асбоби рӯзгор, қаҳва, туризм, сохтмон, савдо, маҳсулоти пластикӣ, хизматрасонии машваратӣ, маҳсулоти конселярӣ, савдо, текстил, истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ, маҳсулоти пластикӣ ва ғайра иштирок менамоянд. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамзамон дар ҳошияи Анҷуман баргузории мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорони ду ҷониб дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар назар аст.
Дар доираи баргузории Анҷуман мазкур баимзорасонии санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Туркманистон пешбинӣ гардидааст.