Имрӯз, 7 апрел дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Эҳё» намоиши асарҳои рассомӣ ифтитоҳ гардид. Дар намоиш аз хазинаи Осорхонаи миллӣ ба миқдори 30 адад асар аз эҷодиёти рассомони машҳур ба монанди Хошмухаммедов М., Ашуров А. Д., Ҳайдаров А., Камелин А.Н., Аветов М., Сидоренко В.Л., Кушнер А.Н., Татевосян О.К., Пономарёв А.М., Зубреева М., Буртсев Е. Г., Барто Р. Н., Бровидовский В., Маргунов А., Алексеев В., Боборикин В. ва Волинский И. ба намоиш гузошта шудаанд. Дар ин бора Фаридун Кенҷаев, сухангуи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба мухбири радиои «Овози тоҷик» Дилнозаи Абдумалик хабар дод.
Ба иттилои номбурда, дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, мавзӯҳои муҳофизати Ватан, сулҳ, об, ҳунармандӣ, ободонӣ, хоҷагидорӣ ва амсоли инҳо инъикос ёфтаанд. Асарҳои рассомӣ бо номҳои “Роҳи Сталинобод-Хоруғ. 1947”, “Темурмалик”, “Ба хотири сулҳ”, “Об рафт”, “Ид дар колхоз”, “Хабари мукофот”, “Дар ҷабҳаи меҳнат”, “Бозор”, “Занон дар чойхонаи сурх. 1934”, “Кулолгарон”, “Рамаи колхоз”, “Муаллим. 1940”, “Иваз кардани ҷабҳачиён”, “Парашутчизан М. Муродова. 1940”, “Бинои асосии канал. 1940”, “Шом дар колхоз. 1950” ва ғайраҳо офарида шудаанд.
Намоиши мазкур барои устодону донишҷӯёни муассисаҳои рассомии кишвар имкон фароҳам меорад, то аз ин офаридаҳои мусаввирони қарни гузашта аз наздик дидан намуда, бо мактаби рассомии онҳо хубтар ошно шаванд.
Зимнан ин намоиш дар баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, сатҳи дониши қишрҳои гуногуни ҷомеа аз дирӯзи хеш ва дарки масъулияти ватандорӣ нақши муассир хоҳад гузошт. Чунки ин асарҳои рассомон аз гузаштаи начандон дури ин сарзамини нотакрор қисса мекунанд.
Намоиши «Эҳё» дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” то рӯзи 30 апрели соли 2023 идома меёбад.