24-25 майи соли равон дар шаҳри Бохтар Анҷумани сеюми байналмилалии содиротии «Бохтарфуд-2023» доир мегардад. Дар он намояндагони ширкату корхонаҳои ватаниву хориҷӣ, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд. Дар ин бора Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамоиши мазкур, ки ба Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2026 рост меояд, дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба ҳавасмандгардонии содирот, диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ ва содда кардани расмиёти тиҷорат нигаронида шудааст.
Ҳадафи асосии он рушди содирот, таҳкими истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилву байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Ташаббускори он Агентии содирот назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар доираи форуми мазкур баргузории намоишгоҳи BactriaFood-2023 дар назар аст. Он ба иштирокчиёён имконият медиҳад, ки бо хусусиятҳои хоси ҳар як маҳсулот шинос шаванд. Ҳамзамон ба иштирокчиён дар бораи ҳаҷм, миқдор, майдони кишт, иқтидори истеҳсолӣ ва мавсимӣ, пухтан ва ҷамъоварии ҳосил маълумот дода мешавад.