«Чӣ гуна бояд бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар Авруосиё мубориза бурд: таҷрибаи Россия ва Тоҷикистон»- таҳти ин унвон дар Душанбе мизи мудаввар доир шуд. Дар ин бора мухбири радиои “Овози тоҷик” Тахмина Амонова хабар дод.
Дар ҳамоиш коршиносон, муҳаққиқони соҳаи экология, мутахассисони ҷавон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки мубориза бо оқибатҳои тағйири иқлим ва мушкилоти экологӣ кори муштараки Тоҷикистону Русия аст. Фақат бо кӯшиши якҷоя сатҳи зиндагии халқҳои ду кишварро таъмин кардан мумкин аст. Баргузории ин гуна чорабиниҳо метавонанд як ҷузъи механизми бузург дар мубориза бо тағирёбии иқлим гарданд.
Дар доираи нишаст мутахасисони ҷавон баромад намуда, дар бораи дурнамои пажӯҳишҳои муштараки илмӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо тағирёбии иқлим ибрози назар намуданд.