Дар шаҳри Кишинёв мулоқоти cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо Котиби давлатии Вазорати маориф ва тадқиқоти Ҷумҳурии Молдова Адриана Казаку сурат гирифт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рафти суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Молдова табодули афкор намуда, роҳҳои густариши муносибатҳои ду кишвар, тақвият додани ҳамкориҳо дар бахшҳои илму маориф ва мустаҳкам кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқӣ муҳокима карданд.