Заробиддин Қосимӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср аз Роббикӣ, ки яке аз бузургтарин шаҳрҳои саноати чарм дар ҷаҳон ба шумор меравад, дидан намуда, бо кори шаҳрак шиносоӣ пайдо намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти шаҳрак ба намояндаи Тоҷикистон тавоноиҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратии он муаррифӣ шуд.
Дар идома Заробиддин Қосимӣм бо роҳбари шаҳрак Маҳмуд Маҳрез мулоқот анҷом дода, дар рафти он роҳҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баррасӣ шуд.