Бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир шуд.
Бино ба иттилои хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Фуруҳари Тоҳирӣ хабар дод, дар фестивал аз гӯшаву канори мамлакат ҳунармандони чирадасти тоҷик навъҳои гуногуни ҳунари миллӣ, аз қабили оҳангарӣ, рехтагарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, кордсозӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, шонасозӣ, кулолгарӣ, танӯрсозӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ, чармгарӣ, қаннодӣ ва монанди инҳоро бо пешниҳоди беҳтарин маҳсулоти ҳунармандӣ манзури ҳайати ҳакамон, сокинон ва меҳмонони пойтахт намуданд.
Дар фестивали мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Зикр намуд, ки фестивали мазкур барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарон ва ба насли оянда пешкаш намудану ба мерос мондани ҳунари аҷдодӣ мусоидат менамояд.