
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Нурдинҷон Исмоилов дар Тошканд мулоқот намуд. Дар ин хусус Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон хабар дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо таъкид карданд, ки дар партави сиёсати Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон робитаҳои ду давлати ҳамҷавор дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ босуръат рушд ёфта, мазмуну мундариҷаи нав касб намудааст.
Ҳамчунин мусоҳибон тақвияти ҳамкории самаранокро байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ибрози назар карданд.