Дар Деҳлии Нав ҷаласаи роҳбарони бахшҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба огоҳонӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Сулаймон Исозода иштирок намуданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар вохӯрб инчунин сардорон ва муовинони роҳбарони идораҳо, давлатҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба огоҳонӣ ва рафъи вазъияти фавқулода, намояндагони намояндагиҳои дипломатии мустақар дар Деҳлии нав иштирок доштанд.
Зимни ҷаласа намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Сулаймон Исозода оид ба ҳамкорӣ дар самти огоҳонӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар доираи СҲШ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, инчунин саҳми Ҳукумати мамлакат доир ба расонидани ёрӣ ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида маъруза намуд.
Илова бар ин муовини Раиси Кумита бо роҳбарони раёсатҳои наҷотдиҳии Ҳиндустон ва Чин вохӯрӣ доир намуд, ки зимни он оид ба дурнамои ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар доираи СҲШ табодули афкор карда шуд.