Ҷалби бештари сармояи Иттиҳоди Аврупо ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд намудани маблағҳои лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар, инчунин маблағгузории НБО “Роғун” зимни ҷаласаи Зеркумита оид ба рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид – муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Сара Риналди – Сардори Департаменти Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ, Директори генералии INTRA, Комиссияи Аврупо роҳбарӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар доираи Барномаи нави индикативӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027, тақвияти робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, ҳамзамон дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, амнияти сарҳадӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, иқтисоди “сабз”, рақамикунонӣ, таъсиси технопаркҳо ва технологияҳои рақамӣ, шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+), мавриди муҳокима қарор гирифтанд
Иштирокчиён барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, хусусан корхонаҳои нассоҷӣ, сохтмони неругоҳи барқии хурду миёна пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд.
Дар анҷоми ҷаласаи Зеркумита ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.