25 апрели соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарварро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунии робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мубрами дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Покистонро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик карда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.