24-25 апрели соли 2023 таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон машварати навбатии намояндагони мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба мақсади баррасии масъалаи дар шаҳри Душанбе таъсис додани Ниҳоди алоҳидаи доимамалкунандаи зиддимухаддиротии СҲШ доир гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар машваратҳо коршиносони аршади мақомоти дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ – Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин роҳбарияти Котиботи Созмон иштирок доштанд. Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Беларус ба сифати давлатҳои нозир дар созмон, ҳамчунин дар кори ҷаласа ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур аз идомаи тадбирҳо дар раванди татбиқи Қарори Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар бораи такмили механизмҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳо ба амнияти кишварҳои Созмон, ки сентябри соли 2021 дар Душанбе дар натиҷаи саммити ҷашнии 20-солагии СҲШ қабул шуда буд, ба ҳисоб меравад.
Нишасти мазкурро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо суханронии ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид.
Иштирокдорони машваратҳо раванди татбиқи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанберо ба таври амиқ баррасӣ карданд.
Ба таваҷҷуҳи ҳайатҳо дар бораи рӯйкардҳои ҷониби Тоҷикистон роҷеъ ба равишҳои имконпазир ҷиҳати таъсис намудани Маркази зиддимухаддиротӣ, вазифаҳои асосӣ ва сохтори он, рӯнамои иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Аҳмад Саидмуродзода пешниҳод гардид.
Иштирокдорони машваратҳо ҳамчунин аз минтақаҳои наздисарҳадии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Афғонистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, дар бораи тадбирҳои аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон дар самти мубориза бо таҳдиди маводи мухаддир андешидашуда маълумоти муфассал гирифтанд.
Дар натиҷаи машварат, ки дар фазои созандагию ҳусни тафоҳум доир гардид, Протокол ба имзо расид.