Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бино ба даъвати узви Шурои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чин Ган ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар IV-умин Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии чорчӯби “Осиёи Марказӣ-Чин” аз 24 то-27 апрели 2023 дар Чин қарор дорад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи ин сафари расмӣ С.Муҳриддин дар шаҳри Пекин 24-25 апрел бо роҳбарияти Вазорати тиҷорат, Вазорати об ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди Чин мулоқотҳо анҷом дод.
26 апрел Вазири корҳои хориҷӣ дар IV-умин вохӯрии вазирони корҳои хориҷии сиғаи “Осиёи Марказӣ-Чин” дар шаҳри Сиан иштирок намуда, бо ҳамтои чинияш Чин Ган вохӯрӣ намуд.