
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Дар ин бора ба радиои «Овози тоҷик» аз дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар рафти мулоқот оиди фаъолияти кунунии корхонаи холисгардонии тилло ва нуқраи «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ», ки бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ соли 2017 дар ноҳияи Айнӣ ба истифода дода шуда буд, табодули афкор намуданд.
Раиси вилоят бо дар назар гирифтани ҳадафи стратегӣ ва эълон шудани саноатикунонии мамлакат барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи холисгардонии тилло ва нуқраи «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» ва ташкили ҷойҳои нави кори дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Маврид ба зикраст, ки дар корхона консентрати маъдан бо маҳлулҳои кимёӣ дар ду марҳила коркард шуда, тилло ва нуқраи холис истеҳсол карда мешавад.