Ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ҳамкорӣ дар самти таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, табодули таҷриба ва содироти молу маҳсулот яке аз масъалаҳои асосие буд, ки зимни мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳайати сармоягузорон аз Кореяи Ҷанубӣ ва Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора ба радиои «Овози тоҷик» аз дафтари матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Вилояти Хатлон яке аз калонтарин вилоятҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва 70 фоизи маҳсулоти кишоварзии мамлакат дар ин вилоят истеҳсол шуда, ҳамасола содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат беш аз 100 ҳазор тоннаро дар бар мегирад.
«Имрӯзҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ҷалби сармоягузорону соҳибкорони ватанию хориҷӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёту саноат фазои мусоиди рушди тиҷорат фароҳам оварда шудааст»,-гуфта шуд зимни вохӯрӣ.
Намояндагони доираҳои сармоягузории Корея ва Чин дар рафти мулоқот пешниҳод ва нақшаҳои тиҷоратии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи сармоягузориву бунёди коргоҳҳои муштарак баён доштанд.