Соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 500 коргоҳу корхонаи нав бо таъсиси 6 ҳазор ҷойи корӣ бунёд гардид, — таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат
Сарвари давлат қайд карданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгуи маҳсулоти саноатӣ истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад.
«Дар ин давра 1382 коргоҳи саноатӣ ба истифода дода шуд.Дар соли 31 соли истиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022 2800 корхонаи корхонаи саноатӣ бо 85 хазор ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд», — таъкид карданд Пешвои миллат.