Ҳайати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмиллалии саноъати санг ба шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар мекунад. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, ки дар доираи сафари корӣ бо фаъолони бахшҳои давлатӣ ва хусусии эронӣ ҷиҳати рушди устувори ҳамкориҳои дуҷониба мулоқоту вохӯриҳо доир мекунанд.
Инчунин, намояндагони Тоҷикистон бо фаъолияти корхонаву марказҳои истеҳсолии ин кишвар шинос хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки бо густариши ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон имрӯз тамомии заминаҳо барои фаъолияти сармоягузорони ду кишвар ва равобити муштараки иқтисодии тарафҳо фароҳам аст.