Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода 10 майи 2023 ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ баргузор намуд. Дар ин бора ба радиои «Овози тоҷик» аз Вазорати молия хабар доданд.
Дар ҷаласаи мазкур аъзои Шӯро – роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони шарикони рушд иштирок намуда, ҳисоботи иҷрои Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023 ва дархости вазорату идораҳо оид ба талабот ба кумакҳои техникӣ аз ҷониби шарикони рушд баррасӣ гардид.
Иброз гардид, ки бо роҳнамои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, низоми идоракунии молияи давлатӣ сол то сол рушд ёфта, саҳми шарикони рушд дар татбиқи ислоҳоти гуногунҷанба назаррас мебошад.
Дар рафти ҷаласа оид ба иҷрои Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023, аз ҷумла корҳои ба анҷомрасида ва мушкилиҳои ҷойдошта, ҳамчунин ҷалби кумакҳои техникӣ аз ҷониби шарикони рушд маълумот дода шуд.
Аъзои Шӯро вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҳамоҳангсозии фаъолияти минбаъда, инчунин муайян намудани тадбирҳои муосир барои амалӣ намудани Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мубодилаи афкор намуданд.