Ҳангоми қироати мисраъҳои Ҳофизи бузургвор ба гӯши шунаванда мусиқии волои Шашмақом мерасад. Навозиши ширини Шашмақом намегузорад, ки шунаванда аз эҷодиёти бузургон даст кашад. Мусиқии сунатӣ аз дарди мардум қисса мекунад. Навозишҳои Шашмақом метавонад шунавандаро ба олами ботинии мусиқӣ ворид созад ва ба ашъори гузаштагон ошно созад. Шашмақом мактаби бузурги фарҳангиву таърихист ин мероси гаронбаҳоро ки чомеаи ҷахони хамчун падидаи умумибашари пазируфтааст посдорӣ намуда, бо ҳамин асолату наҷобаташ ба ояндагон омӯзонида мешавад.
айни фарҳанги олами Шарқ шӯҳрат пайдо карда буд.
12 майи соли 2000-ум 50 солагии таъсисёбии ансамбли давлатии Шашмақом дар Тоҷикистон чашн гирифта шуд. Ба ин муносибат Фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон дар бораи инкишофи ояндаи Шашмақомхони ба тасвиб расид. Ба ансамбли Шашмақом мақоми давлатӣ дода шуд ва он минбаъд ансамбли давлатии шашмақоми ба номи Фазлиддин Шаҳобов номгузорӣ гардид, ки ин шаҳодат аз рушди ин санъати баландмазмун медихад. Ҳамасола дар саросари кишвар 12 май ҳамчун «Рӯзи Шашмақом» таҷлил мегардад.
Дар ин доира муҳарири варзидаи радиои «Овози тоҷик» Сафарова Зулфия суҳбате доштанд бо Беҳрӯз Наимзода, омӯзгори ансамбли давлатии шашмақоми ба номи «Фазлиддин Шаҳобов»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба волоияти санъати Шашмақом.
» Шашмақом як санъати бисёр бузурги миллати тоҷик буда, мероси қадимаи мо ба ҳисоб меравад. Шашмақом як дарёи беканор аст, уқёнус ҳам гӯем хато намекунем.
Шашмақом фақат як навохтану хондан нест, Шашмақом илми худро дорад, он аз парда — тамбӯр ва усул — доира иборат буда, шаш мақом дорад. Аз ҷумла, «Бузруг», «Рост», «Наво», «Дуго», «Сего» ва «Ироқ» мебошад. Асосан гирем худи Шашмақом дар пардаҳои дастаҳои тамбӯр эҷод шудааст, вақте ки мо иҷро мекунему месароем тамбӯр моро ба хатогӣ роҳ намедиҳад. Ман фикр мекунам, ки ҳунарманд аз пардаю усули ин жанр бо хабар бошад, инсони хушбахт ба ҳисоб меравад».
Шашмақом маҷмӯи мукаммали оҳангу таронаҳои силсилавии шифоҳӣ ва мусиқии ҳирфавии халқи тоҷик аст, ки дар низоми ягонаи шаклбандӣ ва зарбу лаҳн мураттаб гардидаанд. Силсилаи мақомҳо, ки то замони мо бо номи шашмақом омада расидаанд, шаҳодат аз таърихи дуру дарози он медиҳад.
Дар ин маврид ҳунарманди дигари ансамбли номбурда Тоҷиддин Раҳимов дар сӯҳбат бо Сафарова Зулфия чунин иброз дошт:
“Шашмақом мусиқии хело ҳам қадимаи ниёгони мо ҳаст, ки онро ба охирҳои асри 18 ва ибтидои асри 19 марбут медонистанд. Аз солҳои 20 – уми асри 20 омӯзиши Шашмақомро дар Бухоро тавассути Абдурауфи Фитрат мусиқидону мардумшиноси рус ва испани бори аввал аз устодони санъати мақом Бобоҷалол Носирзода ва Бобоғиёс Абдуғанизода ин шоҳкориро ба адвори мусиқӣ ворид намуданд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мусиқии классикии Шашмақом ба пояҳои баланди санъат расид ва имрӯз санъати волои шашмақом дар сатҳи умумидавлатӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор дорад, омӯзиши он низ дар донишкадаҳои ҳунар ба барномаҳои таълимӣ ворид карда шудааст. Дар баробари ансамбли давлатии шашмақомхонони пойтахт дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ансамблҳои мақомхонӣ фаъолият доранд, ки онҳо минбаъд назокати мақомҳоро бо услуби хоси худ талқин хоҳанд намуд».
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати рушду нумӯ ва пешбурди минбаъдаи фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, равияҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи бонизоми соҳаи фарҳанг, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ҳамин замина 1 апрели соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид, ки он баҳри ривоҷу равнақи Шашмақому Фалак шароити боз ҳам беҳтару мусоид фароҳам овард.
Имрӯз мусиқии Шашмақом дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз гардидааст ва имрӯз Шашмақом санъати волои мардуми тоҷик мероси қадимаи боарзиш мо 23 сола шуд. Ин садову ин наво омили бузурги ғанигардонии ҷаҳони маънавии мо шуд ва минбаъд низ рӯҳи фарҳангсози миллатро ба илҳом хоҳад овард.
Все реакции:
Voice of Tajikistan