Саннаи 10 майи соли 2023 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Павлодари Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҳокими вилояти Павлодар Байханов Асаин ва дигар шахсони расмӣ, инчунин бо соҳибкорон, намояндаҳои бахши бонкӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии вилояти Павлодар мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот, доираи васеи масъалаҳои робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин ба роҳ мондани воридоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба вилояти Павлодар баррасӣ карда шуданд.