
24 майи соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки субъектони иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат» мебошанд, муаррифии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» баргузор гардид. Дар ин бора аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар оғози чорабинии мазкур Ҳилолбӣ Қурбонзода — раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Меҳрӣ Олимшо — мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо ва Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ суханронӣ намуданд.
Зимни маърӯзаҳо муҳимияти қабули барномаи мазкур барои марҳилаи навбатӣ, тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани мақом ва манзалати занон дар ҷомеа, фаъолгардонии онҳо дар соҳаҳои гуногун, расидан ба натиҷаи муайянгардидаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, то ҳадди 25 фоиз расонидани занон дар мансабҳои роҳбарикунанда, фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои ҳамаҷониба ҷиҳати иштироки фаъолонаи занону духтарон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва дар ин замина баланд бардоштани мавқеи занон, саводнокӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, таъмини дастрасӣ ба хизмати давлатӣ, баланд бардоштани дараҷаи ҷамияти хизмати давлатӣ, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони болаёқат зикр гардид.
Баъдан бо мақсади сифатнок татбиқ намудани барномаи мазкур ва дарёфти механизмҳои муосири амалигардонии он «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» аз ҷониби Умеда Абдуллозода-муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоӣ карда шуд.
Дар ҷараёни рӯнамои барнома дар байни иштирокчиён-масъулини мақомотҳои давлатӣ муҳокима ва саволу ҷавоб сурат гирифт.