Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ маросими ифтитоҳи Анҷумани II Авруосиёии ҳамватанони Русия зери унвони «Фазои Авруосиё: муколамаи фарҳангҳо ва тамаддунҳо» баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои”Овози тоҷик” Мутабар Носирова хабар дод.
Бино бар иттилоъи хабарнигор дар ин ҷамъомад беш аз 60 намоянда аз 40 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла, Тоҷикистон, намояндагони Маҷлиси федералии Федератсияи Русия, Россия,Озарбойҷон, Австралия,Точикистон,Италия,Арманистон,Лаҳистон,Нидерландия,Гретсия,Ӯзбекистон, Амороти муттаҳидаи араб, Испания, Исроил , ҳукумати Маскав ва созмонҳои ғайридавлатии махсус ширкат доранд.
Сафири Русия дар Тоҷикистон форуми мазкурро ифтитоҳ намуда, меҳмоноро доир ба аҳаммияти ин нишаст ва нақши он дар баҳамоии фарҳангу тамаддунҳо муассир хонд.
Мавриди зикр аст, ки форуми мазкур то бегоҳи имрӯз идома ёфта аз чанд қисм, аз он ҷумла, маъруза дар мавзуи «Чанбахои таърихию назариявии тафовути тамаддуни мамлакатҳои Шарқ ва Ғарб», суҳбати пленарӣ зери унвони «Ҷамъиятҳои занони Евразия: қувва дар шарикӣ» ва Мизи мудаввар таҳти унвони «Марказҳои таълимию таълимӣ ҳамчун воситаи паҳн ва таҳкими забони русӣ дар фазои Авруосиё» иборат мебошад.
Қисмати ҷамъбастии он соати 20 : 00 дар меҳмонхонаи дар меҳмонхонаи «Ҳилтон» баргузор гардида, дар он барномаи мусиқии гурӯҳи «Eilenkrig Crew» баргузор мешавад.