Тибқи розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва даъватномаи директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) муҳтарам Питер Зимонс, Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом дар чорабинии «Таваҷҷуҳи муҳим дар устувории молиявӣ: ҷиҳати омўхтани таҷрибаи бонкҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон», аз ҷумла Dekabank, Helaba, Wibank, DeutschSparkassen ва Raisan дар самти устувории рушд ESG (экология, рушди иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ), ки санаҳои 5-6 июни соли 2023, дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар ин бора аз маркази матбуотии бонки амонатгузорӣ «Амонатбонк» ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони бонкҳои амонатгузории аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) аз кишварҳои қатъаи Аврупо, Амрикои ҷанубӣ, Африқо ва Осиёи ҷанубӣ иштирок намуда, оид ба дастовардҳои молиявии худ рунамоӣ намуданд.
Санаи 5 июни соли 2023, дар ҳошияи баргузории чорабинии «Таваҷҷуҳи муҳим дар устувории молиявӣ», Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) муҳтарам Питер Зимонс мулоқоти судманди дуҷониба баргузор намуданд.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба бо бонкҳои аъзои Институти мазкур аз ҷумла, мусоидат намудан ба кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои кишварҳои қатъаи Аврупо, ба роҳ мондани маблағгузории савдо байни бонкҳо ва баргузор кардани чорабиниҳои муштарак бо иштироки намояндагони бонкҳои кишварҳои қатъаи Аврупо, Амрикои ҷанубӣ, Африқо ва Осиёи ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар интиҳои мулоқоти дуҷониба, директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) муҳтарам Питер Зимонс қайд намуданд, ки Институт нақша дорад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз чорабинии худро дар мавзуъҳои муҳими бонкдории муосир, баргузор намояд.
Чорабинии «Таваҷҷуҳи муҳим дар устувории молиявӣ» то санаи 9 июни соли 2023 идома ёфта, дар заминаи он боз якчанд мулоқоту вохўриҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо роҳбарони бонкҳои аъзои Институт умумиҷаҳонӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Боиси ёдоварист, ки Амонабонк аз соли 2004, инҷониб аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана буда, то имрўз бо Институти мазкур дар самтҳои мухталиф ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Зиёда аз 6700 бонкҳои амонатгузор ва чакана аз тамоми дунё аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана буда, бештари масъалаҳое, ки бо ташаббуси Институт баррасӣ мегардад, ин танзим намудани ҳамкориҳои байналхалқӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисони бонкҳои аъзо ба шумор меравад.