
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Ректори Донишгоҳи иқтисодию технологии Иттиҳодияи палатаҳои тиҷоратӣ ва биржаҳои молии Туркия, Юсуф Саринай дар Донишгоҳи мазкур вохӯрӣ намуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад.
Аснои мулоқот тарафҳо бо мақсади рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаи маориф, ҳавасамандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани хамкориҳои мутақобилан судманд байни донишгоҳи мазкур ва муассисаҳои таҳсилоти олии Точикистон иброз намуданд.