
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккавиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аснои мулоқот ҳамсӯҳбатон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшавандаро матраҳ намуданд.