
Дар шаҳри Алмаато бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми сазовори мураббии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба дзюдо муаллим Ҳикматулло Холиқов, нахустин мусобиқа оид ба гуштини тоҷикӣ ба ифтихори 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ бо медалу ифтихорномаҳо ва сертификатҳо пулӣ барои ҷойҳои якум, дувум ва сеюм бо маблағи 100 000, 50 000, 30 000 тенге мукофотонида шуданд.