Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи Шӯрои амният оид ба масъалаи Афғонистон ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни ҷаласа ширкаткунандагон вазъи кунунии Афғонистонро мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба чолишҳои умдаи ин кишвар табодули назар карданд.
Намояндаи доимии кишвар зимни суханронӣ бо мардуми Афғонистон, ки дар вазъияти буҳрони шадиди амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона қарор доранд, ибрози ҳамбастагӣ карда, аз омодагии Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи пешниҳоди зерсохтори худ ба созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии Афғонистон ёдовар шуд.



