Имирӯз дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахти Тоҷикистон нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» оғоз гардид. Дар ин бора Зарина Муродова хабарнигори радиои “Овзи тоҷик” иттилоъ медиҳад.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа Матлубахон Саториён, муовини Сарвазири кишвар баромад намуда, қабл аз ҳама меҳмонон ва варзишгаронро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, доир ба аҳаммияти мусобиқаи «Гуштингирӣ» ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва нақши байналмилӣ гирифтани он сухан гуфт.
Иштирокдорони мусобиқа, ки ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷи кишвар ба намояндагӣ аз 30 давлти дунё меҳмони Душанбе шудаанд барои касби ҷоизаҳо дар вазнҳои гуногун байни ҳам рақобат менамоянд. Натиҷаҳои аввалияи мусобиқа баъди аз соати 12:00 эълон мегардад
Дар ин мусобиқа 130 варзишагар аз кишварҳои хориҷ ва 20 варзишгар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин муаррифгарони гушини милли тоҷик — «Гӯштингирӣ» мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки ин чорабинӣ омодагӣ барои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ мебошад, ки тибқи Тақвими байналмилалӣ доиршавии он моҳи сентябри соли 2023 пешбинӣ гардидааст.



