30 июн дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Такмили сатҳи рушди комплекси саноатикунонии Тоҷикистон” баргузор мегардад. Дар ин бора ба радиои “Овози тоҷик” Қиёмиддин Сатторӣ, котиби матбуотии маркази мазкур хабар дод.
Дар ин ҳамоиш олимону мутахассисон, намояндагони вазорату сохторҳои дахлдор ва коршиносону рӯзноманигорон иштирок менамоянд.
Дар конфронси мазкур ҷанбаҳои назариявию амалии рушди комплекси агросаноатии Тоҷикистон ва таҷдиди он, ташаккулу рушди соҳаҳои алоҳиддаи комплекси агросаноати дар минтақа , тамоюли рушди сармоягузории комплекси агросаноатии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳои вобаста ба саноатикунонии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қароор мегирад.



