Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Презтденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Такмили сатҳи рушди комплекси саноатикунонии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои”Овозои тоҷик” Дилноза Саторрова хабар медиҳад.
Ҳамоиши мазкур олимону мутахассисон, намояндагони вазорату сохторҳои дахлдор ва коршиносону рӯзноманигоронро ҳам овард.
Конфронсро Усмонзода Хайриддин Усмон, директори Маркази тақиқоти стратегии назди Президенти Ҷумхурии Точикистон ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи «Такмили самтҳои рушди комплекси агросаноатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар партави саноатикунонии иктисодиёт » суханронӣ намуд.
Иштирокдорони дигари конфронс мавзӯъҳои вобаста ба ҷанбаҳои назариявию амалии рушди комплекси агросаноатии Ҷумхурии Тоҷикистон, «Коркарди комплекси ашёи минералии Тоҷикистон бо мақсади ба даст овардани унсурҳои муфид, аз чумла нуриҳои минераливу органикӣ», «муаммоҳои рушди комплекси агросаноатии Чумхурии Тоҷикистон ва самтҳои ҳалли онхо», “баҳои вазъи кунунии рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷдиди он, “ташаккулу рушди соҳаҳои алоҳидаи комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳо”, “рушди сармоягузории комплекси агросаноатии Ҷумхурии Тоҷикистон”,”сармоягузорӣ ба иқтисодиёти комплекси агросаноатии Ҷумхурии Тоҷикистон” , “густариши робитаҳои иқтисодии беруна дар самти ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти комплекси агросаноатии Ҷумхурии Тоҷикистон” ва дигар мавзӯҳои марбут ба саноатикунонии Тоҷикистонрро ба ба риштаи таҳлилу баррасӣ қарор доданд.



