
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин cафири фавқулода ва мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт.дар ин бора радиои»овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону ШМА ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.