Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ки бо 125 кишвари дунё ҳамкорӣ дорад дар он 845 нафар аз донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил доранд. Ва дар миёни ин донишҷӯён беш аз 50 нафарашон донишҷӯёни Афғонистон мебошад, ки тибқи иттлои ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ҳамаи онҳо имтиёзу кӯмакҳо пешниҳод карда шуд. Дар ин бора Фурӯҳар Тоҳирӣ, хабарнигори радиои “Овози тоҷик” иттилоъ дод.
Бинобар иттилои роҳбари ин донишгоҳ дар ин донишгоҳ бештар донишҷӯён аз кишварҳои Туркия, Эрон , Узбекистон , Туркманистон, Афғонистон , Русия ва дигар кишварҳо таҳсил менамоянд.
Ҳамкориҳо бо созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ , ки яке аз дигар самти фаъолияти донишгоҳ мебошад дар давраи ҳисоботӣ дар чандин нишасту конфронсҳо бо иштироки намояндаҳои ки бо иштироки созмонҳои мухталифи дунё, аз он ҷумла, ба монанд ИДМ, ИА, CLDR, кишвари Бела рус, Миср, Амрико баргузор гардида буд масъулини соҳа иштирок доштанд.



