Дирӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи махсуси Канада оид ба Афғонистон Девид Спроул мулоқот кард. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар атрофи вазъи кунунии Афғонистон, ҳамчунин роҷеъ ба тасмимҳои Тоҷикистон дар бобати таҳкими марз ва муқовимат бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир мубодилаи афкор намуданд.