Рӯзи 11 август дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид. Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии ифтитоҳӣ аз таърихи таъсиси ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ЮНЕСКО ёдовар шуда нақши роҳбарияти олии кишвар дар таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО-ро муҳим арзёбӣ намуд. Нуктаи дигаре, ки зикр гардид, ин шомил шудани чандин номгӯй фарҳангӣ, моддиву ғайримоддӣ буд, ки фарҳанг ва тамаддуни волои тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Мудири Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Алмато Амир Пирич суханронӣ намуда нақши Тоҷикистонро дар муаррифии фарҳанги натанҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақа бисёр муассир арзёбӣ намуд. Ҳамзамон изҳори омодагӣ намуд, ки ЮНЕСКО тамоми объектҳои фарҳангие, ки дар кишвар мавҷудаст метавонад ҳифзу нигаҳдории онҳоро аз хатарҳои ба монанди офатҳои табии нигаҳдорӣ намояд.Дар ин ҳамоиш ҳамчунин Панҷшанбезода Муҳиддин — мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Президенти Академияи Милли Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳиамӣ ва дигар намояндагони соҳа суханронӣ намуда доир ба нақши ЮНЕСКО дар муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ таъкид карданд.
Баъд аз қисмати аввали ин ҳамоиш барномаи консертӣ бо ҳузури намояндаҳои сан]ати кишвар баргузор гардид.
Тоҷиддин Ризвон
Тахмина Амониён