Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёи Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки рушди Авруосиё, Бонки байнидавлатӣ, Иттиҳоди дастрасии молиявӣ, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст, — гуфт, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ. Номбурда афзуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорҳои хориҷӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 ба низоми бонкии кишвар 610,9 млн. доллари ИМА қарз, сармоягузориҳои мустақим ва ҷомадонӣ ҷалб карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,1 % зиёд мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати доллари ИМА тағйир ёфтаанд. Барои мисол, қурби тангаи Қазоқистон 1,8 % устувор ва қурбҳои лираи Туркия 38,1 %, рубли Федератсияи Русия 23,7 %, рубли Беларус 10,8%, юани Чин 5,1%, суми Ӯзбекистон 2,3 % ва соми Қирғизистон 1,8% нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфтааст.