
14-15 сентябри соли 2023 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик” дар инстинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Қарор аст дар ин рӯзҳо нишасти навбатии Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандуқи байналмилалии наҷоти Арал низ дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад.
Дар ҳошияи ин вохӯрӣ чанд дидори дигар, аз он ҷумла, Форуми иқтисодӣ, Маҷлиси машваратии вазирони нақлиёт , Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ, мулоқоти аъзои Муколамаи занони муваффақи Осиёи Марказӣ, Намоиши рассомон, Форуми якуми ректорони мактабҳои олӣ ва ғайра баргузор мегардад.