
Имрӯз сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Абдураҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод баВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дипломати тоҷик дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Озарбойҷон расонид.
Дар ҷараёни суҳбат, ки пас аз супоридани эътимоднома баргузор гашт? масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.