
Сафири Давлати Фаластин дар Тоҷикистон Риёз Ал-Моликӣ зимни суханронӣ дар Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Фаластин изҳор дошт, ки Тоҷикистону Фаластин ду кишвари аз лиҳози масоҳат хурд, аммо дорои ташаббусҳои ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд. Риёз Ал-Моликӣ ҳамчунин ба нақши Тоҷикистон дар умум ва нақши Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шакли хос дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ дода, ҳамкориҳои судманди ду кишварро муҳим арзёбӣ намуд.