
Имрӯз вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин, Риёз Ал-Моликӣ зимни суҳбат бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳузури хабарнигорон мавқеъгирии Тоҷикистонро дар масъалаҳои байналмилалӣ олӣ унвон карда, сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии онро беназир гуфт. Ҳамзамон дар хитоб ба хабарнигорон ҳузури Президенти Тоҷикистонро дар пешбурди сиёсати ин кишвар барои тоҷикон бағоят муҳим арзёбӣ карда, тоҷиконро бо доштани чунин роҳбар таҳниат гуфт.
“Барои ман ифтихори бузург буд, ки имрӯз бо Ҷаноби Олӣ- Президенти муҳтарами Тоҷикистон дидору гуфтугӯ дошта бошам. Ман мехоҳам шумо тоҷиконро бо доштани чунин президент, ки дорои хираду дониш, таҷрибаву ояндабинӣ ва биниши сиёсии хеле олӣ дорад табрику таҳниат мегӯям. Зеро он чизе ки ман субҳи имрӯз аз ӯ шунидам, дар бораи он ки ӯ чӣ гуна диди сиёсӣ дорад, барои кишвараш чӣ корҳое анҷом медиҳад, сиёсати ҷаҳониро чигуна мефаҳмаду ҳазм мекунад ва шумо ин маълумотро ба таври амалӣ медонед. Ман аз мулоқот бо ӯ хеле баҳра бурдам, ба ӯ гӯш додам ва аз ӯ чизҳоеро омӯхтам, ва дидам, ки эшон чӣ корҳоеро барои мардумаш ва натанҳо барои халқаш балки барои минтақа низ анҷом медиҳад. Мо бо ҳамтои худ, Сироҷиддин Муҳриддин барои амалӣ кардани ҳама он мавзӯъҳое, ки субҳи имрӯз баррасӣ намудем кӯшиш хоҳем кард.