
Баъд аз баргузории машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Фаластин се санади ҳамкорӣ , аз он ҷумла , дар соҳаҳои таҳсилот ва кишоарзӣ ба имзо расид, ки ба таври зайланд:
1. Протоколи машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Давлати Фаластин;
2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Фаластин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ;
3. Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Давлати Фаластин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.
Санадҳоро аз ҷониби Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликӣ ва аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ба имзо расониданд.