20 сентябри соли 2023 зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, ёдгории табиии “Бешаи Палангон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
“Бешаи Палангон” аввалин мамнӯъгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад. Он соли 1938 дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо ҳадафи ҳифз ва барқарорсозии табиати нотакрори маҳаллӣ таъсис ёфтааст. Бино ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи ҷуғрофияи Академияи илмҳои Русия, ин ягона мамнӯъгоҳ дар ҷаҳон бо экосистемаи ҷангали тугай дар шакли табииаш нигоҳ дошта мешавад.