Бахшида ба рузи таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид 24 октябри соли 2023 дар Дафтари СММ дар Женева ифтитоҳи намоишгоҳи «Эҷоди ҷаҳони беҳтар» баргузор гардид. ДАр ин бора радиои 2Овози тоҷик» дар истинод ба ВКХ хабар медиҳад.
Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева дар намоишгоҳ Чакан – санъати миллии гулдӯзиро, ки ба Феҳристи ҷаҳонии мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО соли 2018 ворид шудааст, муаррифӣ намуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ эътирофу дастгирии аҳаммияти ҳунарҳои мардумӣ дар саросари ҷаҳон ва таблиғи фарҳанг ҳамчун василаи муколама байни миллатҳо мебошад.
Меҳмонон дар намоишгоҳ бо анъанаҳои миллии Тоҷикистон шинос карда шуданд. Ба вежа, зикр гардид, ки чакан ҳамчун навъи ҳунарҳои мардумӣ дорои таърихи хеле қадима буда, бо рӯзгор, расму оин ва ҷаҳони маънавии мардуми тоҷик иртиботи зич дорад.
Намоишгоҳи мазкур то 10 ноябри соли 2023 давом хоҳад ёфт.