Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта аз кӯчаи Исмоили Сомонӣ то ба Маҷмааи Наврӯзгоҳи пойтахт ба таври тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора Бахтовар Шарифӣ, хабарнигори радиои «Овози тоҷик» хабар медиҳад.
Дар ин роҳпаймоии осоишта ҷавонони фаъоли кишвар аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва ташкилоту созмонҳои гуногун ширкат намуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар баробари баргузории роҳпаймоии осоишта, ҳамзамон барномаи идонаи консертӣ дар Маҷмааи Наврӯзгоҳи пойтахт доир гардид.