Имрӯз Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин бора хабарнигории радиои «Овози тоҷик» Ҳадятуллои Амриддин хабар медиҳад.
Сухани ифтитоҳиро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамроҳ ироа намуда, сипас раиси комиссияи озмун муовини Сарвазири кишвар муҳтарам Сатториён Матлубахон паёми шодбошии Пешвои миллатро ба иштирокчиёни озмун расонид.
Мавриди зикр аст, ки даври аввал озмун 140000 ва дар даври дуюм 15000 иштирок карданд. Дар даври ниҳоӣ бошад шумораи иштирокдорон 115 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин маросим ректорони донишгоҳҳо аъзои ҳакамон ва иштирокчиёни озмун ҳузур доранд.