Бахшида ба Рўзи Парчами давлатӣ имрӯз 24 ноябр аз назди шаршараи Наврўзгоҳ тавассути кўчаҳои ҳофизи шерозӣ ва хиёбони Исмоили Сомонӣ то назди Парчами давлатӣ раҳпаймоии идона баргузор шуд. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Мадина Мениқулова хабар медиҳад.
Тибқи иттилои хабарнигор, дар ин чорабинӣ ҳазорон нафар иштирокдори парчамбадаст бо парафшонии парчамҳо ба сӯи Боғи Парчами миллӣ ҳаракат намуда, изҳори суруру шодмонӣ дар чеҳрраҳои эшон ҳувайдо мебошад.
Дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ба ин муносибат ҷараён дорад.