Имрӯз ҳайати хабарнигорони ВАО-и кишвар аз «Боғи Китоби Эрон» дидан намуданд. Бинобар иттилои хабарнигории радиои «Овози тоҷик» Малвина Хушқадам, ки дар ҳайати хабарнигорону рӯзноманигорон ин сафарро ҳамроҳӣ дорад боғи мазкур дар минтақаи «Аббособод»-и Теҳрон воқеъ буда, 110 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Фазои дохилии Боғи «Китоби Теҳрон» аз чор бахши аслӣ — «Баҳористон» , » Кӯдак ва навҷавон», «Хиёлистон», «Фанновариҳо диҷитол», » Нигористон»ва «Сарвистон» иборат мебошад.
Бинои боғи мазкур дутабақа мебошад ва дар он чандин маконҳои ҷолиби дигар мавҷуд аст.