Дар 7 шумораи рӯзномаи бонуфузи эронии “Осиё” аз 10 декабри 2022 то 24 январи 2023 таҳти унвони “Тоҷикистон — диёри ёрон” силсиламақола бо аксҳои зиёд ва ҷолиб ба табъ расид, ки ба қалами рӯзноманигори маъруфи эронӣ Ҳамиди Деҳқон тааллуқ дорад.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон, Ҳамиди Деҳқон дар мақолаи аввал дар заминаи бардошташ аз мулоқот бо роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имконот ва зарфиятҳои кишвари мо дар соҳаи гардишгарӣ маълумоти ҷолиб ироа намуда, инчунин аз истиқболи гарму самимии кормандони Кумитаи мазкур, зебоиҳои мафтункунандаи “Кохи Наврӯз” ва толорҳои муҳташами он “Аржанг”, “Зарандуд” ва “Гулистон” тавсиф кардааст. Нависанда кохи мазкурро аз зеботарин ва муҳташамтарин намунаҳои меъмории муосири ҷаҳони имрӯз арзёбӣ намуда, ба офарандагони он таҳсину офарин хондааст.
Дар мақолаи дувум муаллиф таассуроти худро аз дидани Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки намунаҳои зебое аз сарватҳои табиӣ, таърихи бостон, осори асрҳои миёна ва санъати тасвирию амалиро ба намоиш гузоштааст, ба қалам додааст. Дар ин мақола муаллиф аз дидани зебоиҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла хиёбонҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Хайём, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, донишгоҳҳо ва бозорҳои шаҳр ба ваҷд омада, тинҷию оромӣ, нархҳои арзони молу коло, таъми лазизу гуворои таъомҳои тоҷикӣ, меҳрубонию меҳмоннавозии мардуми тоҷикро ситоиш намудааст.
Дар мақолаи сеюм Ҳамиди Деҳқон аз натиҷаҳои неки сафари ҳайати Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон ба кишвари мо, ба имзо расидани санади ҳамкорӣ дар соҳаи гардишгарӣ байни Тоҷикистон ва Эрон ва таассуроти меҳмонон аз дидани Тоҷикистон, имконият ва зарфиятҳои васеи ҳамкориҳо дар самти гардишгарӣ навиштааст. Аъзои ҳайати эронӣ ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон бо дарназардошти муштаракоти зиёд байни ду миллати дӯсту бародар ниҳоят муҳим шуморидаанд.
Дар мақолаи чорум муаллиф ба хонандаи эронӣ дар бораи ҷашнҳои миллии Тоҷикистон, аз ҷумла Наврӯз, сабт шудани Саразми 5500-сола, “Чакан”, “Фалак” дар феҳрасти мероси моддӣ ва ғайримоддии тамаддуни инсонии ЮНЕСКО, муҷассамаи “Буддои хуфта” дар Осорхонаи бостоншиносӣ, равобити бародархондагии шаҳрҳои Душанбею Шероз, Кӯлобу Ҳамадон, Хуҷанду Табрез, ҳамкориҳои вилоятҳои Хатлону Хуросони Разавӣ нақл кардааст.
Дар мақолаи панҷум пас аз дидан ва таърифу тавсифи маҷмааи “Истиқлол” муаллиф таъкид кардааст, ки он намоди истиқлоли Тоҷикистон буда, рамзи соҳибдавлатию соҳибтамаддунӣ ва таърихи қадимаву ғаноманд доштани миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Дар ин бахши силсиламақола муаллиф инчунин аз таассуроташ аз дидани осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ”, сатҳи баланди хизматрасонии осоишгоҳ ва кормандони он суханҳои ҷолиб гуфтааст.
Дар мақолаи шашум Ҳамиди Деҳқон таассуроташро аз дидани Қалъаи Ҳисор, Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ ва оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб ба қалам додааст. Ӯ таъкид кардааст, ки табиати зебову сеҳрангези ин мавзеъҳо ва осори таърихии онҳо ҷаззобияти хосе барои гардишгарон ва меҳмонони Тоҷикистон доранд.
Ниҳоят, дар мақолаи ҳафтум муаллиф муруре бар равобити Тоҷикистон ва Эрон аз замони истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар дар соли 1991 то имрӯз карда, нақши сафарҳои расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Сайид Иброҳими Раисиро ба кишварҳои ҳамдигар дар солҳои 2021 ва 2022 дар ифтитоҳи марҳилаи ҷадид дар муносибатҳои ду кишвари дӯсту ҳамзабон муҳим арзёбӣ намудааст.
Чоп шудани силсиламақолаи “Тоҷикистон – диёри ёрон” дар яке аз рӯзномаҳои бонуфузи Эрон, ки бо меҳру ихлоси самимӣ ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми меҳмоннавози он навишта шудааст, дар таблиғи дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари мо, муаррифии имконияту зарфиятҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони эронӣ ба диёри биҳиштосои мо аҳаммияти хоса хоҳад дошт.